Меҳмонхона

ҶДММ «Меҳмонхона» моликияти хусуси буда самти фаолияташ тиҷорати меҳмондорӣ мебошад.

Бинои меҳмонхона дар маркази тиҷоратии шаҳр воқеъ буда соли 1983 бо гунҷоиши 348 ҷой ба истифода дода шудааст. Айни ҳол меҳмонхона дорои 180 ҷойи хоб буда ва дорои утоқҳои меҳмон қабулкунии Люкс,нимлюкс ва муқаррарӣ мебошад.

Нархи зист дар меҳмонхона вобаста аз утоқхои интихобшуда аз 20 то 150 сомониро ташкил медиҳад.

ҶДММ «Меҳмонхона» дигар намуди хизматрасониҳоро низ пешниҳод менамояд:

  • Толори маҷлисӣ – барои гузаронидани маҷлисҳо
  • Дастрасӣ ба шабакаи интернет
  • Багоҷхона- барои нигаҳдории багоҷ
  • Нуқтаи фӯруши чиптаҳо (Ҳавопаймо, Поезд)
  • Сартарошхона
  • Даҳонпизишкӣ
  • Устохонаи либосҳои мардона ва занона
  • Ошхонаи дорои ҷои нишаст
  • Студияи аккосӣ

Шумораи корманодони «Меҳмонхона» 60 нафарро ташкил медиҳад

Ноиби директори ҶДММ «Меҳмонхона» : Саидов Нурали Раҷабович

Суроға: Вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа кӯч.Б.Ғафурова «24

Телефон: 8(3222) 2-36-94,29496

 

Дорӯхонаи №4

Дорӯхонаи шаҳрии № 4- и шаҳри Қӯргонтеппа соли 1962 таъсис дода шуда мудири аввали дорӯхона дорусозӣ хизматнишондодаи Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Демрачева Нина Аркадьевна таъин шуда буд.

Дорӯхонаи мазкур соли 2002 ба ҶДММ «Универсал» табдил дода шуд.

Айни ҳол вазифаи директории генералиашро Мирзоев Маҳмадшариф Маҳмадризоевич ба уҳда дорад.

Дар ҶДММ и «Универсал» бахшҳои зерин химатрасонӣ менамоянд:

  • Бахши фурӯши дорувории тайёр
  • Бахши тайёркунии маҳлулҳои тиббӣ, малҳам ва хокаҳои табобатӣ
  • Бахши фурӯши маводҳои табобатии косметикӣ

 

  • Ташхиси ультра садо
  • Физиотерапия
  • Маҳси табобатӣ

Суроға: Вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа кӯч.Ваҳдат 57

Тамос: Қодирова Асия тел. 2-38-44, 2-25-03

 

 

Комбинати Гушт

ҶШСК «Баҳодур» соли 1997 дар заминаи комбинати гушту –ширӣ шаҳри Қӯрғонтеппа, ки соли 1964 ба истифода дода шуда буд, таъсис дода шудаст. Иқтидори солонаи истеҳсолии комбинат 40 000 тонна маҳсулоти гушти-ро дар бар бар мегирифт.

Баъд аз таҷдидӣ комбинат вобаста ба талаботи иқтисоди бозаргони истеҳсоли дигар маҳсулоти хурока низ ба роҳ монда шуд. Дар айни ҳол дар комбинат сехҳои зерин маҳсулоти худро пешкаши мизоҷон менамояд:

Маҳсулоти гуштӣ

Нушобаҳои ғайриспиртӣ ва газнок

Истеҳоли спирти истеъмолӣ

Маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ

Бо қарори роҳбарияти комбинат соли 2011 ба роҳмондани истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ҳасиб ва маҳсулотҳои нонӣ аз ҷумла макарон пешбини карда шуд. Дар айни замон дар комбинат 14 нафар бок ор таъмин карда шудаанд.

Роҳбарии комбинатро Хоҷаев Холназар Тағойназарович ба зима дорад.

Суроға: Вилояти Хатлон, ш.ҚӯрГонтеппа кӯч. Кайҳоннавардон №1

Телефон барои тамос: (3222) 2-72-51, 918-296171

 

ҶСШК «Қурғонтеппасоз»

ҶСШК «Қӯрғонтеппасоз» дар фаъолияти худ бурдани корҳои пудратӣ ва ғайрипудратӣ дар сохтумони бино ва иншиотҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ, хусусӣ ва истеҳсолӣ (аз ҷумла барои васеъкунӣ, аз навсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда) ба роҳ монда аст. Аз ҷумла:

Омода сохтани майдончаи сохтумон:

Тоза ва хушк кардани гирду атроф. Кандан ва берун бурдани иморатҳо, иртиботи муҳандисӣ ва монанди ин аз минтақаи сохтумон. Сохтани роҳҳои муваққати

Корҳои заминковӣ:

Кашидани лоиҳаи майдонҳо. Коркарди хок мустаҳкам кардани хок

Корҳои ҳифозатии сохтор ва таҷҳизот:

Обногузар кардани сохторҳои сохтумони ва хати лулаҳо. Ҳифзи маводи сохтумони, сохтор ва таҷҳизотҳо аззангҳурӣ.

Корҳои ботнушӣ.

Корҳои пардозгарӣ:

Андовагӣ, руйхашкунӣ. Сохтани фарш. Ганҷкорӣ. Рангмолӣ Зардеворкашӣ.

Корҳои сохтумону васлкунӣ.

Сохтумони сохторҳои борбардор ва таворагири бино иншиоот:

Сохтани сохторҳои яклухти бетонӣ ва оҳону-бетониӣ. Васлкунии сохторҳои бетонӣ ва оҳану-бетонӣ тайер сохтани деворҳо аз санг хишт ва блокҳо. Насб кардани маснуотби асбестию, сементи, гаҷу бетонӣ, арболитӣ, бетони сабук, полимерӣ. Насб кардани сохтор ва маснуоти чубин оинабанди. Насб кардани сохторҳои фолизӣ ва фолизию пластики барои пур кардани холигиҳо. Сохани шаклҳо, девор ва деворкашии худи меъморӣ. Сохтани фаршҳои дохилии майдочаҳо ва сохтани пиёда роҳҳо.

Сохтани шабакаҳои дохили муҳандисӣ:

Шабакаҳои таъминоти барқ ва васлкунии таҷҳизоти барқӣ.

Шабакаҳои рушноидиҳандаи барқӣ.

ЧСШК «Қӯрғонтеппасоз» дар соли 2009 корҳои сохтумонӣ ва васлкуниро ба маблағи 206526 сомони дар мактаби миёна барои 100 хонанда да қишлоқи Янги-ободи ноҳияи Қумсангир анҷом дод.

Суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кучаи Б.Ғафуров рақами №55

 

Тел: (+992 93) 503 2397 маъмурият.