ҶСШК “Ресанда” – и шаҳри Қурғонтеппа яке аз аъзоёни фаъоли ПСС-и вилояти Хатлон ба шумор меравад. Бо ҷаъду талоши сарвари корхона Файзуллоев Нусратулло корхона баъди 7 соли танаффус ба истеҳсоли ришта, махсулоти насоҷӣ, газворҳои пахтагӣ, шурӯъ карда, имрӯзҳо дар корхона коргарони зиёде барои дӯхти сарулибоси мактабӣ машғуланд.
Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Ресанда”-и шаҳри Қурғонтеппа дар як муддати кӯтоҳ 320 нафар бонувонро аз шаҳри Қурғонтеппа, ноҳияҳои Вахшу Бохтар бо кор таъмин намудааст. Роҳила Давлатова - муҳандиси ҶСШК “Ресанда”- и шаҳри Қурғонтеппа мегуяд, ки дар ҳозира корхона зиёда аз 500 ҷойи кори дошта, баъди пурра анҷом шудани корҳои ташкилӣ корхона имкони дар ду баст ба кор таъмин намудани 1500 нафар бонувонро пайдо мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар арафаи соли нави хониш корхона аз 900 нафар толибилмони литсейи “Ориёно” - шаҳри Қурғонтеппа фармоиши духти сару либоси мактабиро қабул намуда буд.
Ҳоло теъдоди мизоҷон аз ҳисоби толибилмони мактабҳои дигари шаҳр рӯз то рӯз рӯ ба болоравиро дорад. Роҳила Давлатова мегуяд, ки бо сабаби он, ки бештари бонувони ба кор ҷалбшуда навкоранд, онҳо фармоиши дӯхтани сару либоси мактабиро танҳо барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ қабул мекунанд. Коршиносони ҶСШК “Ресанда” мегуянд ҳаррӯз теъдоди зиёде аз бонувони деҳотӣ ба онҳо муроҷиати ба кор қабул намуданро мекунанд. Мутаассифона,- мегуянд онҳо, - дар ҳозира ду адад машрутка дорем ва имкони саривақт ба кор бурдану овардани ҳамаи коргарони аз ноҳияҳо ба кор қабулнамудаамонро надорем.
Қобили зикр аст, ки масъулини корхонаи “Ресанда” барои афзоиш додани теъдоди коргарон нияти харидори намудани 4 адад автобуси мусофиркашониро кардаад, то ки духтарони хоҳишмандро аз деҳаҳои атрофи шаҳри Қғргонтеппа ба кор ҷалб намоянд.
Дар ҳоле, ки дар қатори духтани сару либоси мактабӣ ҶСШК “Ресанда” даст ба истеҳсоли беш аз 14 номгӯи маҳсулоти насоҷӣ ва газворҳоро задааст, рӯзҳои наздик маҳсулоти тавлидотӣ бо навиштаҷоти “Ресанда” дар мағозаи назди коргоҳ ба фурӯш бароварда мешаванд. Хотиррсаон мешавем, ки ҶСШК “Ресанда”-и шаҳри Қурғонтеппа, ки 7 сол боз аз фаъолият бозмонда буд аз Ҷумҳурии Чин ба маблағи беш аз 5 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизот ворид намуда, тамоми шароитҳои кориро барои коргарон, ки 90 дар сад бонувон мебошанд муҳаё кардааст. Коршиносон мегуянд, ки дар сурати ба кор даромадани ҳамаи корхонаҳои саноати сабуки шаҳри Қурғонтеппа, натанҳо бонувони шаҳри Қурғонтеппа, балки қисме аз бонувони ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Хуросон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши кофӣ таъмин мешавад.