Аз 5 то 7 июли соли ҷорӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.
Аз файзи қудуми роҳбари давлат симои вилоят рӯҳи дигар гирифт. Як зумра корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, иншооти зиёди хизматрасонии дорои аҳамияти иҷтимоӣ бо ҳазорон ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба сохтмони се корхонаи бузурги саноатӣ- равғанкашӣ, ресандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ бо имкони муҳайё намудани қариб ҳазор ҷойи корӣ оғоз бахшида шуд.
Шумораи коргарони корхонаи нассоҷии “Ресанда”-и шаҳри Қӯрғонтеппа то охири сол аз 650 нафари ҳозира ба 2,5 ҳазор нафар хоҳад расид. Мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани нахустин автодроми инноватсионии муҷаҳҳаз бо навтарини технологияи замони муосир, ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад ва майдони тенниси калон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, аквапарки замонавӣ дар ноҳияи Бохтар, мактаб-гимназияи байналмилалии хусусӣ бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ дар ноҳияи Вахш аз ҷумлаи иншотест бо файзи қудуми Президенти кишвар ба истифода дода шуданд.
Президенти кишвар зимни сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маъракаҳои хайриявӣ ва дастаҷаъмонаи тӯйи арусии 46 ҷуфти навхонадорон ва 600 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар, Вахш , Ҷалолиддини румӣ бо дастовезҳои тӯёна ширкат варзида, бо иқдомоти ҷавонмардона ва саховатмандонаи худ дар арафаи моҳи шарифи рамазон ба 629 нафар ятимони бе падару модари шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон кӯмакҳои моддӣ расонд, ки барои кулли мардуми сарватманду саховатпеша намунаи ибрату пайравӣ мебошад.